Изҳороти раёсат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ

Ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда, бо камоли ифтихор ва хушнудӣ изҳор менамоянд, ки ин сафари таърихӣ саҳифаи наверо дар дӯстии ҷовидонаи байни халқҳои бо ҳам наздики тоҷику ӯзбек боз намуд.

Созишномаҳои дутарафае, ки зимни сафари мазкур аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расонида шуданд, бешубҳа, ба рушди иқтисодиёти ҳарду кишвари ҳамсоя, пайванди дубораи мардум, боло рафтани имконият ва самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Қайд кардан бамаврид аст, ки роҳбарони дурандеши Ҷумҳурии Тоҷикистон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд, ки дар як давраи кутоҳ ҳамаи он нофаҳмиҳо ва мушкилоте, ки даҳ сол беш дар муносиботи ҳарду кишвар ҷой дошт, бо иродаи нек ҳаллу фасл намоянд ва бо ифтихор қайд намуданд, ки дар байни ин ду давлат дигар ягон масъалаи баҳснок вуҷуд надорад. Ин иқдоми оқилонаи роҳбарони давлатҳо имкон медиҳад, ки халқҳои тоҷику ӯзбек боз ба ҳам оянд ва дӯстии онҳо мустаҳкамтар гардад, зеро ин ду халқ бо ҳам фарҳанги ягона дорад, ки аз дӯстии байни Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ сарчашма мегирад.

Аз васоити ахбори омма маълум мегардад, ки сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳолии кишварҳои ба мо дӯст ва тоҷикони бурунмарзӣ хеле хуб истиқбол намуданд. Вале намояндагони ҳизби террористии наҳзати исломӣ, ки ҳеҷ вақт пешрафту шукуфоии кишварро намехоҳанд, кӯшиш намуданд, ки аз ин сафари барои худ манфиате бардоранд. Дар изҳороти худ онҳо сабки худро тағйир надода, ба танқиди роҳбарияти давлати мо роҳ доданд. Онҳо, ки ба хушомадгӯӣ ба хоҷагони хориҷии худ одат карда буданд, ба роҳбари кишвари ҳамсоя низ хушомадгӯиро оғоз намуда, низоми сиёсии кишвари моро зери танқид гирифтанд. Вале онҳо фаромӯш карданд, ки хоини миллат ҳастанд ва ҳуқуқ надоранд, ки аз номи миллати тоҷик баромад кунанд. Онҳо фаромӯш карданд, ки саҳми Пешвои миллат дар барқарор намудани робитаи дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле бузург аст ва он кас тавонистанд, ки бо ҷасорату мардонагии хеш ва иродаи неки ҳамтои ӯзбекистонии худ Шавкат Мирзиёев риштаи дӯстии ин ду халқи бофарҳангро пайванд созанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top