Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии “Кулчақанд – лаззатбахши хони мо”

Шукри истиқлол, шукри давраи серию пурӣ ва шукри заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардум дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагӣ кору фаъолият намуда, баҳри боз ҳам ободу зеботар гардидани кишвари азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии “Кулчақанд – лаззатбахши хони мо”, ки 7-уми марти соли равон дар саҳни маркази савдои "Ёвар" ба муносибати Рӯзи Модар баргузор гардид, аз давраи серию пурӣ, хушҳолию саодатмандии мардуми кишвар башорат дода, бори дигар собит намуд, ки маҳз сулҳу субот, тинҷию амонӣ имкон фароҳам меорад, ки одамон дӯстона кору зиндагӣ намуда, орзуву ниятҳои хешро амалӣ гардонанд ва дар рушду нумӯи кишвари азизамон софдилонаю содиқона саҳмгузорӣ кунанд.

Дар ин фестивл – озмун маҳсули дастони кадбонуҳои моҳири донишгоҳ, ки дар баробари таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони баландихтисос дар пухтупази номгӯи зиёди кулчақандҳо ҳунару маҳорати баланди кадбонугӣ доранд, гузошта шуда буд, ки аз ҷониби ҳакимон ва шаҳрвандони пойтахт баҳои баландро сазовор гардиданд.

Дар суратҳо: маҳсули дастони кадбонуҳои донишгоҳ дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии “Кулчақанд – лаззатбахши хони мо”.


Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top