ФУРӮҒИ ШЕЪРИ АҲУРОӢ

5-уми марти соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ ҳамоиш ба шарафи Рӯзи Модар бо иштироки аъзои раёсати донишгоҳ бонувони шинохтаи кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ баргузор гардид.

Донишҷӯёни курси сеюми факултети иқтисодиёт ва менеҷмент бо қироати шеърҳо дар бораи модар, бонуи тоҷик ва меҳани маҳбуб ба ҳамоиши имрӯза зебоиву зевари баҳорӣ оварданд.

Шоираи меҳрубону маъруфи мо – Шаҳриябону бо калому мавзуну шоирона перомуни бонуи тоҷик ва мақому мавқеи зани тоҷик дар ҷомеаи имрӯза изҳори андеша кард. Мо бо қироати шеърҳои ошиқонаю баҳоронаи шоира модару бонуи тоҷикро дар зери сипеҳри лоҷувардӣ ғамгусору мушфиқ, отифаю меҳрубон ва зиндагиафрӯзу шикебо дармеёбем.

Сухани навбатӣ ба олимаи соҳаи иқтисодиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ Зилнер Евгения Яковлевна дода шуд. Олимаи риштаи иқтисод Зилнер Евгения Яковлевна зимни суханронии худ бонувону донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати рӯзи модар шодбош гуфт ва дар васфи модари тоҷик аз ашъори Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат кард.

Як гурӯҳ донишҷӯён низ аз ашъори шоираи шинохта – Шаҳриябону шеърҳо дар васфи модар ва зани тоҷик қироат намуданд.

Омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳабибова С.С. аз ҳузури меҳмонони гиромӣ гарму самимӣ истиқбол кард ва перомуни бузургии зан - модари тоҷик изҳори андеша намуд. Эшон, ҳамчунин, як шеъри андар васфи модар навиштаи худро бо самимияту шавқу завқи афзун хонданд.

Ҳамоиши фарҳангӣ бо қироати шеъру суруд ва рақси зебои донишҷӯдухтарон ба поён расид.

Дар анҷоми ҳамоиш омӯзгорони кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ ба меҳмонони гиромӣ туҳфаҳои арзанда эҳдо карданд.


Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top