ҶАШНИ РӮЗИ МОДАР ФАРХУНДА БОД!

6-уми марти соли 2018 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Точикистон дар толори асосии донишгоҳ ҳамоиши фарҳангӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар баргузор гардид. Дар муқаддима ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо изҳори хушнудию ризоият нисбат ба бонуи тоҷик, нақшу мақоми зани тоҷикро дар ҷомеа ва омӯзишу парвариши насли ояндасози кишвар муассиру бузург хонданд ва бонувону донишҷӯдухтарони тоҷикро ба ин ҷашни фархундаю хуҷастаи баҳорӣ – Рӯзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимона табрику таҳният гуфтанд.


Дар анҷоми суханронии худ профессор Фақеров Ҳ.Н. бонувон – омӯзгорону кормандон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро бо мукофоти пулӣ сарфароз гардониданд ва ба олимаҳои ҷавони риштаи иқтисодӣ дипломи номзадиро, ки аз ҷониби Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россия тасдиқ шудааст, бо арзи эҳтиром тақдим карданд.


Дар анҷоми ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки сарояндаи шинохтаи кишвар Қобилҷон Зарифов ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд, ки бисёр ҳам ҷолибу шавқовар буд.


шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top