Дарси намунавии олими ҷавон

Меҳру муҳаббати афзун ба илму маърифат, кӯшишу ҷусторҳои пайваста дар ҷодаи илму дониш ба омӯзгори ҷавон Бӯриев Лоиқ имконият фароҳам оварданд, ки он кас сарфи назар аз ҷавонии худ дар натиҷаи саъю эҳтимоми ҳамвора ба ҳайси мутахассиси ҷавони соҳаи иқтисод сазовори унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардад.

Олими ҷавон – Бӯриев Лоиқ кунун дар кафедраи муоинаи мол ва фаъолияти гумрукии донишгоҳ ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва таълиму тадриси донишҷӯён машғул аст ва панди бузургону волидайнро ҳамеша дар ёд дорад, ки гуфтаанд: «дар ҷавонӣ илм омӯхтан».

Оре, дуруст аст, ки дар ситоиши илм бузургони олами маонӣ фармудаанд:

Илм агар андак бувад хораш мадор,
З-он ки дорад илм қадри бешумор.

2-юми марти соли равон олими ҷавон, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Бӯриев Лоиқ дарси намунавии худро аз фанни барасмиятдарории гумрукӣ дар мавзӯи “Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳо барои барасмиятдарории гумрукӣ” дар факултети тиҷорат ва гумрук бо иштироки донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 96010100 хадамоти гумрукӣ, гурӯҳҳои “А” ва “Б” доир кард.

Устод Бӯриев Лоиқ дарси намунавиро бо омодагии шоиста ва таҳлилу баррасии амиқи мавзӯи матраҳшуда шавқовару хотирмон баргузор кард ва ба пурсишҳои донишҷӯён перомуни мавзӯи дарс посухҳои мушаххасу аниқ ироа намуд.

Дар дарси намунавии номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Бӯриев Лоиқ мудири кафедраи муоинаи мол ва фаъолияти гумрукӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нидоев Н.Ф. ва омӯзгорони кафедраи мазкур Ашуров С., Ғаюрова Р., Амонова С. ва Наврӯзов Р. ҳузур доштанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top