Дарси намунавии профессор Ҳабибов С.

1-уми марти соли равон дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дарси намунавии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳабибов С. аз фанни иқтисоди корхона дар мавзӯи “Фондҳои асосии корхона” бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 3-юму 4-уми гурӯҳҳои 260202 – менеҷмент, 250107 – иқтисод ва идоракунӣ дар корхонаи омӯзиши рӯзонаю ғоибона гузаронида шуд.

Профессор Ҳабибов С. Мавзӯи дарси намунавиро ба донишҷӯён ба таври муфассал бо истифодаи тахтаи электронӣ дар сатҳи баланди касбӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор доданд ва ба пурсишҳои ҳозирин оид ба мавзӯи дарси мазкур посух гуфтанд.

Дар дарси намунавии профессор Ҳабибов С. намояндаи Раёсати таълим Раҳмонов У. Омӯзгорони ҷавони кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ва кафедраи “иқтисодиёт ва соҳибкорӣ” барои омӯзиши таҷриба ҳузур доштанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top