МАСТЕР – КЛАССИ РОУЗ ИЗАБЕЛЛА ҲИНМАН

2-юми марти соли 2018 дар зали диссертатсионӣ мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, дотсент Қодирова З.Ҳ. ва меҳмонони гиромӣ аз Донишгоҳи КИМЕП-и шаҳри Алма - атои Ҷумҳурии Қазоқистон бо омӯзгорони кафедраҳои забонҳои хориҷии ДДТТ, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ ва дигар мутахассисону омӯзгорони донишгоҳ доир гардид.

Дар муққадимма ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо камоли эҳтиром аз ҳузури меҳмонони гиромии ҳамоиши имрӯза бисёр гарму самимӣ истиқбол карданд ва изҳор намуданд, ки раёсату олимони ДДТТ бо намояндагони Донишгоҳи КИМЕП-и Ҷумҳурии Қазоқистон чандин сол боз робитаҳои судманд доранд.

Намояндаи донишгоҳи мазкур луғатшинос ва мутахассиси забони англисӣ Роуз Изабелла Ҳинман зимни суханронӣ  таассурот ва андешаҳои худро перомуни ҳамкориҳои созандаи ҳар ду ҷониб баён кард.

Баъд аз он, Роуз Изабелла ба ҳозирин, ки бештари онҳо мутахассисони забони англисӣ буданд, бо шавқу завқи афзун мастер – класс гузаронид ва оид ба муҳимияти ин машғулиятҳо, ки ба такмили донишу таҷрибаи омӯзгорон мусоидат менамояд, ибрози андеша намуд.

Дар анҷоми мастер – класс ба иштирокчиён сертификат тақдим карда шуд.

 

 

 шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top