Изҳороти раёсат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ туҳмату буҳтон ва афкору ақидаҳои муғризонаю ботили душманону мухолифони миллати сарфарозу давлати соҳибистиқлоли тоҷикро нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи кишвар комилан маҳкум менамоянд ва чунин суханону гуфтори ғаразноку бебунёдро ҳаргиз намепазиранд.

Рисолати бузурги таърихии фарзанди фарзона ва бонангу номуси миллати куҳанбунёди тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон, худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳёи ҷашну ойинҳои мардумӣ, рушди муназзами иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги миллӣ, бунёдкориву созандагӣ, волоияти қонуну муқаддасоти миллӣ, сохтани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва мавқеи меҳварӣ доштани инсон дар он арзи вуҷуд мекунад.

Миллати бомаърифати тоҷик ва, ба вежа, ҷавонони саодатманди он хидматҳои бузургу беназири Пешвои муаззами миллатро  дар марҳалаҳои гуногуни рушду инкишофи давлатии соҳибистиқлоли миллӣ нағз дар ёд доранд ва ин хидматҳои мондагори роҳбари олии кишварро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

Дар масъалаи сиёсати кадрӣ низ сарвари давлати тоҷикон тавваҷӯҳи хосса зоҳир менамояд, чун дар замони муосир кадрҳои тахассусманду болаёқат дар рушду такомули давлати  соҳибистиқлоли мо саҳми шоиста гузошта метавонанд.

Рустами Эмомалӣ низ ҳамчун яке аз кадрҳои ҷавону ояндадор дар қатори даҳҳо кадрҳои ҷавону кордон дар зери тарбияи падаронаи сарвари давлат мактаби бузурги корозмоиро гузашта истодааст.

Душманону мухолифони давлату миллати тоҷик аз рӯи бухлу ҳасад, ноҷавонмардию нотавонӣ ҳамеша аз пайи айбҷӯӣ нисбат ба модару меҳан ва давлату миллати худ мебошанд. Онҳо имрӯз бо чеҳраи манфуру қалби сиёҳу нопоки худ мехоҳанд, ки дар Тоҷикистони азизи мо ба мисли солҳои навадум нооромию ноосудагӣ ва ихтилофу ҷангҳои таҳмилиро созмон диҳанд. Аммо душманону мухолифон дар ин кори худ сахт хато мекунанд, зеро кунун симои номубораки онҳо барои мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум шудааст.

Миллати бофарҳанги тоҷик ва, ба вежа, ҷавонони хушбахти он дар фазои созандагию бунёдкорӣ ва озодию осудагии комили кишвари маҳбуб - Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукру сипоси бепоён аз Ватан, Истиқлолият ва Пешвои муаззам ба сӯи ояндаи дурахшон равона мебошанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top