СУХАН АЗ БОНУВОНИ МУВАФФАҚ

28-уми феврали соли 2018 дар толори диссертатсионии донишгоҳ таҳти унвони «Пайраҳаи зиндагӣ» вохӯрӣ бо бонуи шинохтаи ҷумҳурӣ, ходими намоёни сиёсию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низорамоҳ Зарипова, ки дар тӯли фаъолияти кориаш якчанд даъват вакили Шӯрои Олии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, гузаронида шуд. Дар ин ҳамоиш, ҳамчунин, ба сифати меҳмонони гиромӣ, шоира Латофат Кенҷаева ва адиба Муҳаббати Юсуф ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиш бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба тарбия ва  корҳои ташкилӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ва мутахассиси шуъбаи тарбия ва корҳои ташкилӣ оид ба бонувон Ғафурова Ҷ.М. перомуни мақому манзалати зан дар ҷомеа, сиёсати муваффақу созандаи роҳбарияти олии кишвар нисбат ба бонувон, рисолати бузурги модари тоҷик дар зиндагӣ ва рӯзгору пайкори ходими намоёни давлатӣ Зарипова Низорамоҳ ибрози андеша карданд.

Дотсенти кафедраи забонҳо, номзади илми филологӣ Сангинова Р.И. дар мавзӯи «Бонувон дар сиёсат» оид ба занони шинохтаи кишвар, ки бо кӯшишу ғайрат, ақлу заковат ва кордонию ватандӯстии худ ҳамчун чеҳраи намоёну муваффақи сиёсию давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруфият доранд, суханронӣ кард.

Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 230101 Сафарова Гулнора дар бораи зиндагинома ва фаъолияти шоистаи ходими намоёни сиёсию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарипова Низорамоҳ баёни афкор намуд.

Ҳамчунин, меҳмонони гиромии ҳамоиши имрӯза Низорамоҳ Зарипова, Латофат Кенҷаева ва Муҳаббати Юсуф оид ба зиндагию кору пайкор ва хотираҳои худ нақлҳои ҷолибу шавқовар карданд. Онҳо донишҷӯдухтаронро бо баёни панду андарз ва ҳикмати зиндагӣ ба омӯзиши илму маърифат, поку боиффат будан, шарафу эътибори духтари тоҷикро баланд бардоштан ва ҷойгоҳи шоистаи худро дар ҷомеаи имрӯза дарёфтан хонданд. Эшон таъкид сохтанд, ки духтарону бонувони тоҷик бояд сазовори боварию эътимоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд ва сиёсати созандаю хирадмандонаи роҳбарияти олии кишварро ҷонибдорӣ кунанд.

Дар поёни ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ Акрамов Ф.М. аз меҳмонони гиромӣ барои чунин як мулоқоти судманду омӯзанда изҳори сипос намуданд.

 

 

шуъбаи робита бо ҷомеа дар
ҳамкорӣ бо шуъбаи тарбия ва корҳои ташкилӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top