Дарси намунавии профессор Нидоев Н.Ф.

29-уми феврали соли 2018 дар факултети тиҷорат ва гумрук дарси намунавии мудири кафедраи муоинаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нидоев Н.Ф. аз фанни ташкили назорати гумрукӣ дар мавзуи «Назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт бо истифодаи декларатсияи гумрукии бор» доир гардид, ки дар он донишҷӯёни курси 3-юми гурӯҳҳои «А» ва «В» - и ихтисоси 96010100 – хадамоти гумрукӣ иштирок карданд.

Профессор Нидоев Н.Ф. мавзӯю муҳтавои дарси намунавиро бо истифодаи эҷодкоронаи тахтаи электронӣ ба донишҷӯён ботафсил шарҳу эзоҳ доданд ва ба суолҳои аҳли нишаст перомуни мавзӯи дарс посухҳои аниқу амиқ ироа карданд.

Дар ин дарси намунавии профессор Нидоев Н.Ф. доктори илмҳои иқтисодӣ Саидова М. Ҳ., намояндаи Раёсати таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳмонов У. ва омӯзгорони кафедраи муоинаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ – Ғаюрова Р., Ашӯров С., Латифов К., Бӯриев Л. ва Наврӯзов Р. ҳузур доштанд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top