Шӯрои навбатии илмӣ-методӣ

Санаи 31-уми январи соли 2018 дар донишгоҳ таҳти раёсати и.в. ректор, дотсент Толибов Қ.Қ. Шӯрои навбатии илмӣ-методӣ доир гардид. Пеш аз оғози кори Шӯрои мазкур аъзои он аз намоишгоҳи китобҳои илмию тахассусӣ, ки кафедраҳои донишгоҳ созмон дода буданд, дидан карданд.

Дар ибтидо и.в. ректор Толибов Қ.Қ. бо сухани муқаддимавӣ чорабинии мазкурро ифтитоҳ кард ва риштаи суханро ба мудири шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим, номзади илмҳои риёзӣ Маҳмадуллоев З.Н. вогузор намуд.

Мудири шуъбаи мазкур Маҳмадуллоев З.Н. оид ба ҳолату вазъи таъмини кафедраҳо бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ – методӣ ба забони давлатӣ дар соли таҳсили 2017 – 2018 изҳори андеша кард.

Ҳамчунин, мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшедов М.Ҷ. дар мавзӯи “Оид ба омодагии кафедраҳои тахассусӣ ва вазъи шартномаҳои ҳамкорӣ бо корхонаҳо (ташкилотҳо) ва муассисаҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва рисолаҳои тахассусии хатм дар соли таҳсили 2017-2018” баёни афкор намуд.

Зимни суханронии мудирони шуъбаҳо Маҳмадуллоев З.Н. ва Ҷамшедов М.Ҷ. аз ҷониби аъзои Шӯрои илмӣ – методӣ ба эшон перомуни масоили матраҳшуда саволҳои зиёд ироа гардид ва ба ин пурсишҳо аз сӯи нотиқон посухҳои аниқу мушаххас дода шуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top