Тадқиқоти илмии устодон, аспирантони кафедра асосан таъиноти назариявӣ дорад. Сабаби ин дар кафедра таълим додани чор фанни назариявӣ буда, тадқиқоти устодон ҳам дар миқёси ҳамин фанҳо ба роҳ монда шудааст.

Тадқиқотҳои илмии устодони кафедра хусусияти назариявӣ дошта самтҳои гуногуни иқтисоди ҷомеаро дар бар мегиранд.

Профессор Исоматов Б.И. оид ба “Масоили сифати маснуоти саноат”, и..в. дотсент Абдураҳмонов У.М.дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди бозори хизматҳои таҳсилоти олӣ” (дар мисоли макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), дотсент Юнусова М. доир ба мавзӯи “ Омилҳои иҷтимоии рушди иқтисоди миллӣ” , дотсент Муҳадбердиев Ҳ.доир ба мавзӯи “Масъалаҳои ҳамбастагию баҳрабардории пасандозу андӯхт, сармоягузорию навоварӣ дар иқтисоди кунунии Тоҷикистон”, дотсент Юсупова З. доир ба мавзӯи “Таҷдиди неруи корӣ ва шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , дотсент Ғозибекова М. Оид ба “Масоили рушду нумӯи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бозор” к.э.н. и.о. дотсент Туйчикулов З.“Асосҳои иқтисодию ташкилии фаъолияти босуботи кооператсияи матлубот (дар мисоли Иттифоқи Тоҷикматлубот” тадқиқот бурда истодаанд.

Муаллими калони кафедра Машокиров Ҷ. Н. дар мавзӯи “Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои маишӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ” дар моҳи июни соли 2019 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

№ р/т

Насаб ва ном

Мавзӯи рисола

Ихтисос

Ҳимоя

1.

Холова Ҳ.Р.

Организационно-экономическое развитие Таджикпотребсоза  переходной экономике

08.00.05

-

2.

Ғафурова Ҳ. Ш.

Эконмический рост и благосостояние через призму социальных факторов

08.00.01

-

3.

Наврӯзи Мирзо

Аҳамияти соҳибкори навовари дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ

08.00.01

 


№ р/т Насаб ва ном Мавзӯи рисола Ихтисос Ҳимоя

1. Холова Ҳ.Р. Организационно-экономическое развитие Таджикпотребсоза переходной экономике 08.00.05 -
2. Ғафурова Ҳ. Ш. Эконмический рост и благосостояние через призму социальных факторов 08.00.01 -
3. Наврӯзи Мирзо Аҳамияти соҳибкори навовари дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ 08.00.01

Аксари устодони кафедра муаллифони асару мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсианд. Бо қалами устодони кафедра беш аз 540 ҷ.ч. асарҳои илмӣ, илмӣ- методӣ ва китобҳои дарсӣ навишта шуда, аз чоп баромаданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top