Суҳбат бо донишҷӯён

Бинанда: 1214 | Санаи нашр: 28 Август 2020

Аз 21-ум то 29-уми августи соли 2020 дар донишгоҳ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо садорати факултетҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён вобаста ба пешгирии бемории сироятии КОВИД-19, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда истодааст.

  

Ин тадбири муҳимму зарурӣ барои беҳтар гардидани вазъи санитарию гигиенӣ, эпидемиологӣ ва сатҳи таълиму тарбия дар донишгоҳ мусоидат менамояд.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top