Таърихи 11.03.2014 вохӯрии устодони кафедраи иқтисоди ҷаҳон бо профессори донишгоҳи DUKE – и ИМА Эдвард Тавер

Бинанда: 2659 | Санаи нашр: 14 Апрел 2014

Дар нимсолаи авали соли хониш, моҳи декабри соли 2013  бо иштироки профессори донишгоҳи DUKE – и ИМА Эдвард Тавер  бо донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 ва 4-уми ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон, ки забони англисиро хуб медонанд ду  маротиба вохӯри ташкил карда шуд, ки дар он асосан як қатор масъалаҳо аз қабили  раванди таълим дар донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар, талаботҳои асосии донишгоҳҳои мамлакатҳои мутараққӣ оид ба донишандӯзии донишҷӯёни хориҷӣ, муносибатҳои берунаи иқтисодии онҳо, ҳамкори намудан бо лоиҳаҳои донишгоҳҳои хориҷ  ва инчунин маданияту фаъолияти донишҷӯёни мамолики хориҷ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии донишомӯзии донишҷӯён дар шароити имрӯза баррасӣ шуданд.

Ғайр аз ин таърихи 11.03.2014 вохӯрии устодони кафедра бо профессори номбурдаи донишгоҳи DUKE – и донишгоҳи кишвари ИМА Эдвард Тавер ташкил карда шуд, ки дар он асосан масъалаҳои бо маводҳои замонавии ихтисоси таъмин намудани донишҷӯёни гурӯҳҳои англисӣ ва инчунин ташкили барномаҳои таълимию силлабусҳои корӣ ва таъмини маводҳои таълимӣ дар ин гурӯҳҳо дида баромада шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top