Баргузории семинари омӯзишӣ ва машварати методӣ барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон

Бинанда: 373 | Санаи нашр: 01 Май 2024

Мувофиқи нақшаи гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дар донишгоҳ 30.04.2024 семинар дар мавзӯи “Истифодаи усулҳои пешқадами муосир дар раванди машғулиятҳо” ташкил намуд. Семинари методию омӯзишӣ ба тариқи дарси намунавӣ ва таҳлили он ташкил карда шуд. Тибқи нақша дар кафедраи забонҳо аз тарафи омӯзгори калони кафедра Имаева Мавлюда Абдусаматовна дарси намунавӣ аз фанни забони русӣ  дар мавзӯи “Типы односоставных предложений” баргузор гардид.

Баъд аз итмоми машғулият, таҳлили дарс бо мақсади ба омӯзгорони ҷавон барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани машғулиятҳо, роҳандозии усулҳои фаъоли таълим, истифодаи воситаҳои техникии муосири таълимӣ ва роҳҳои ҷалби донишҷӯён ба ҷараёни дарс аз ҷониби мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, н.и.и., дотсент Урунова С. А. арзёбӣ гардид.

Дар семинар омӯзгорони ботаҷрибаю собиқадор ва омӯзгорони ҷавони донишгоҳ дар музокирот иштирок намуданд.

Дар машварат зикр шуд, ки омӯзгорон бояд бо аз бар намудани усулҳои нави таълим, таҷрибаи пешқадами соҳавии ҳамдигарро дар раванди таълим ба таври васеъ истифода намуда, донишҷӯёнро бо аз худ намудани донишҳои замонавӣ тарбия намоянд. Дар ин замина дар ҷараёни машварати дарсдиҳӣ миёни масъулин ва иштирокчиён суолу ҷавобҳо сурат гирифта, ҳозирин вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи дарсҳои лексионӣ, амалӣ, кори мустақилонаи донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгор ва дигар масъалаҳои марбути талаботи методии дарсҳо муҳокимаю музокираҳо сурат гирифт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top