“НАҚШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАНЗИМУ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲОИ МИЛЛӢ”

Бинанда: 406 | Санаи нашр: 01 Май 2024

 

Санаи 30 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” таҳти унвони “Нақши маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” мизи мудаввар доир гардид.

Чорабиниро сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Сайфулло Авғонов ифтитоҳ бахшида иброз дошт, ки соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ки ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда, ҳадафи аслии давлат ва ҳукумати кишвар таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор мебошад.

Сипас, мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Ҷамила Ғафурова оид ба мавзуи “Моҳияти танзими ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати тадбиқи амалӣ гардидани он дар донишгоҳ” иброз дошт, ки густариши масъалаҳои дингароӣ, бегонапарастӣ дар байни ҷавонон, махсусан  дар хориҷи мамлакат чун омили хатарзо дар замони муосир, мушкилиҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва роҳҳои бартараф намудани он тавассути баланд бардоштани маърифатнокӣ ва сатҳи дониши насли наврас вобаста мебошад.

Инчунин мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ н.и.ҳ. Фарух Алиев дар мавзӯи “Нақши маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” баромад намуд. Аз ҷумла; саҳми наврасону ҷавонон ва занон ва умуман, миллати тоҷик дар нигоҳдошти анъанаҳои миллӣ, фарҳанг, таърих, забон ва оинҳои мардумӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, танзими раванди муҳоҷират дар байни ҷавонон: тераризму экстремизим ва мушкилоту роҳҳои ҳалли онҳо, симо, хислатҳои ахлоқии ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ташкили чорабиниҳои мухталиф дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро зикр намуд.

Дар хотима Сайфулло Авғонов таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир дониши ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳуқуқшиносон, балки барои ҳар як шаҳрванд зарур аст. Донистани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ ба шахс имкон медиҳад, ки манфиатҳои худро ҳифз кунад, аз низоъҳо канорагирӣ намояд ва дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ бештар мустақил бошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top