СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ

Бинанда: 422 | Санаи нашр: 29 Март 2024

Имрӯз 29.03.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи "Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо" баргузор гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда. 

Дар оғоз муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷ.Н. ба кори семинар  ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати масъалаи мазкур суханронӣ  намуд.

 Сипас, сухан ба директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дотсент Қодиров А.С. дода шуд. Мавсуф дар мавзӯи "Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба ҳолати пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯза  намуд.

Инчунин,  дотсент Мақсадов Ҳ.И. дар мавзӯи "Таъсири гармшавии умумиҷаҳонӣ ва таъсири он ба обшавии пиряхҳо”, доктори илмҳои иқтисодӣ Зубайдов С. дар мавзуи “Оид ба  проблемаи байлмилалии обшавии пиряхҳо ва саҳми олимон дар моделсозии ҳифзи пиряхҳо” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар фарҷоми семинар баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб байни иштирокчиёну маърӯзачиён сурат гирифт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top