ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 187 | Санаи нашр: 18 Март 2024

16 – уми марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорон, кормандон, собиқадорон ва донишҷӯён ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст аҳли раёсати донишгоҳ ва собиқадорони шинохтаи соҳаи маориф, ки дар ободиву рушди ин боргоҳи илму маърифат саҳми афзун гузоштаанд, аз бозиҳои миллӣ ва намоишгоҳи омодакардаи воҳидҳои сохтории донишгоҳ – дастархони наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварду комёбиҳои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дидан намуданд.

Сипас, ҷамъомадро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни бостонию фархундаи ниёгон самимона шодбош гуфта, аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ёдовар шуд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҷашни Наврӯз яке аз рукнҳои муҳимми худшиносию худогоҳӣ ва унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, моҳияту ҳикмати он аз донишу хирад меҳру садоқат, сулҳу субот ва шодию нишот иборат аст.

Дар идомаи ҷамъомад Хайрулло Назарзода ба декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Мухторзода С.С., мудири кафедраи математика ва фанҳои табиатшиносӣ Палавонов Қ.Қ., омӯзгорони фаъоли кафедраҳои математика ва фанҳои табиатшиносӣ, ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ – Ҳалима Назарамонова ва Шаҳбоз Ҳакимов ифтихорномаву сипосномаҳои раёсати донишгоҳро супорид.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи “Тоҷири аҷам” – и донишгоҳ, ки аз суруду рақсҳои дилнишин дар ситоиши Наврӯз, баҳор, зебоию шукуфоии табиат ва марди деҳқон иборат буд, табъу хотири ҳозиринро хушу болида гардонида, ба ҷамъомади имрӯза ҳусну таровати тоза зам намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top