РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДОНИШГОҲ

Бинанда: 179 | Санаи нашр: 02 Март 2024

 

Санаи 2 - юми марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гирифтани таҳсилоти олӣ ва шиносоӣ бо равия, ихтисосҳо, заминаи моддию техникӣ ва шароити таълиму тарбия дар донишгоҳ “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида шуд, ки дар он намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Шодиев, намояндагони Иттифоқи Тоҷикматлубот Зафар Ҳакимов ва Шаҳло Хайруллоева, инчунин, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст намояндагони донишгоҳ хатмкунандагонро пазироӣ намуда, ба онҳо маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла рӯзномаи донишгоҳӣ, буклет ва дискҳои электрониро тақдим карданд. Довталабон зимни шиносоӣ бо заминаи моддию техникии донишгоҳ, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳои ба талаботи стандартҳои байналмилалии муосир ҷавобгӯ, марказҳои тестӣ, китобхонаи электронӣ, намоиши китобҳо, дастовардҳои илмию таҳқиқотӣ ва фарҳангию варзишӣ таассуроти неку фаромӯшношуданӣ бардоштанд.

Сипас, дар толори асосии донишгоҳ бо хатмкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ихтисосҳои донишгоҳро муаррифӣ намуда, доир ба муҳиммияти таҳсилоти олии касбӣ, илму маърифат ва забономӯзӣ барои ҷавонон, фаъолияти гуногунҷанбаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла шарту шароити таҳсил, заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва имтиёзҳо барои донишҷӯён ибрози андеша намуд.

Мирзошариф Шодиев зимни суханронӣ доир ба тартиби қабули хатмкунандагон тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2024 – 2025, мушкилоти интихоби ихтисосҳо ҳангоми бақайдгирӣ ва дигар масоили марбут ба ин соҳа ибрози андеша намуда, хатмкунандагонро ба омӯзиши илму ҳунар, дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ даъват намуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои хатмкунандагон озмун – викторина гузаронида шуда, ғолибон муайян карда шуданд. Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов ба ғолибони озмун – викторина туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов аз номи раёсати донишгоҳ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо барои иштироки фаъолона дар “Рӯзи дарҳои кушод” изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар интиҳоби касб ва таҳсили ояндаашон бурдбориҳо таманно намуд.

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top