НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Бинанда: 282 | Санаи нашр: 31 Январ 2024

31-уми январи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки васеи  намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ва роҳбарияти донишгоҳу сохторҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, намояндагони васоити ахбори оммаи кишварро хайрамақдам гуфт ва доир ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2023 суханронӣ намуд.

Ректори донишгоҳ, аз ҷумла қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутахассисонро аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавриат, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 14 ихтисоси барномаи докторантура (PhD) ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ тайёр мекунад.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 3584 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар шуъбаи омӯзиши рӯзона 2299 нафар, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1250 нафар ва зинаи магистратура 35 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 747 нафар буда, ҳиссаи онҳо аз шумораи умумии донишҷӯён 21% мебошад.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, литсей, 3 бинои хобгоҳи донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон барои 670 нафар, як толори варзишӣ, ду майдончаи варзишӣ, 3 факултети омӯзиши рӯзона, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, 10 кафедраи тахассусӣ ва 3 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад.

Бо мақсади таъмини иҷрои босифати барномаҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳ 7 бинои таълимӣ иборат аз 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 12 синфхонаи компютерӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 1 адад синфхонаи лингафонӣ, 840  компютер, 130 проектор бо экран, 130 тахтаи электронӣ, 103 ноутбук, 150 принтер, 1 адад минбари интерактивӣ ва 101 камераи назоратӣ мавҷуд аст, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода шудаанд. Китобхонаи донишгоҳ аз ду толори хониши китобҳои муқаррарӣ бо 115 ҷойи нишаст ва ду толори хониши  китобҳои электронӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат буда, бо компютерҳои замонавӣ ба шабакаи байналмилалии интернет пайваст мебошанд.

Барои пешбурди фаъолияти таълимию тарбиявӣ 195 нафар омӯзгори доимӣ, аз ҷумла 14 нафар доктори илм, 92 нафар номзади илм, 66 нафар муаллими калон ва 27 нафар ассистент ҷалб гардидаанд. Омӯзгорони дараҷаи унвони илмидошта дар донишгоҳ 106 нафар буда, ҳиссаи онҳо 54,4 фоизро ташкил медиҳанд.  

Донишгоҳро дар соли 2023 - юм 753 нафар донишҷӯ хатм намуд, ки 13 нафари онҳо сазовори дипломи аъло гардиданд.

Дар донишгоҳ бо мақсади ташкили раванди таълим дар истеҳсолот, дар соли 2023 якчанд филиалҳои кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо кушода шуд, аз ҷумла:

 - Филиали кафедраи андоз ва суғурта дар назди ҶДММ ТС “Бима”;

 - Филиали кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 - Филиали кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар назди Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 - Филиали кафедраи молия дар назди ширкати аудитории ҶДММ “Консултант-аудит”.

Дар соли 2023 ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.05.2021 ба қайд гирифта шудааст, аз рӯи 5 самт, 20 мавзуъ ва 382 зермавзуъ таҳқиқоти илмӣ гузаронидаанд.

Дар соли 2023 - юм 1 нафар рисолаи докторӣ, 5 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадиро ҳимоя намуда, 8 нафар омӯзгор пешдифои рисолаи номзадиро гузаштанд.

Мувофиқи “Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, дар донишгоҳ 6 конференсияи байналмилалӣ, 6 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 16 семинари илмию амалӣ, 18 мизи мудаввар, дар умум 46 чорабинии илмӣ дар соли 2023 анҷом дода шудааст.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” донишҷӯёни ДДТТ маҳорати хуб нишон дода, аз рӯи номинатсияи “Даставӣ” сазовори ҷойи дуюм, мукофоти пулӣ ва дипломи дараҷаи дуюм гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад, соҳиби ҷои сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ, ки тариқи маҷозӣ  моҳи октябри соли 2023 баргузор гардид, 12 нафар донишҷӯён соҳиби диплом гардиданд.

Дар донишгоҳ маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон», ки аз 30 майи соли 2018 ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Тоҷикистон ворид гардидааст, нашр мешавад.

Дар соли 2023 дар маҷалаи Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар умум 305 мақола нашр гардидааст.

Дар соли ҳисоботӣ ҳамагӣ 601 маводи илмии омӯзгорон аз чоп баромадааст, ки аз ин миқдор 20 адад монография, 183 адад мақолаҳо дар маҷаллаҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 233 адад фишурдаи мақолаҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва 243 мақола дар дигар маҷаллаҳо ташкил медиҳад

Дар донишгоҳ айни ҳол ду Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ фаъолият дорад. Дар соли 2023 дар ҳарду Шурои диссертатсионӣ 14 диссертатсия баррасӣ гардидааст.

Дар соли 2023 ДДТТ бо мақсади густариш додани ҳамкориҳо бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ бо якчанд донишгоҳҳои мухталифи олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Куриёи Ҷанубӣ ва Британияи Кабир шартномаи дуҷонибаро ба имзо расонид.

Дар умум дар соли 2023 донишгоҳ 12 созишномаи ҳамкориро бо МТОК-и хориҷи кишвар ба имзо расонида.

Дигар самти муҳимми фаъолияти байналмилалӣ ин ҷалби грантҳо ба ҳисоб рафта, айни замон 8 лоиҳаи байналмилалӣ дар донишгоҳ амалӣ шуда истодааст.

Бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дар соли 2023 25 сафари кормандону омӯзгорони донишгоҳ ба хориҷи  мамлакат ба роҳ монда шуд, ки барои баланд бардоштани табодули таҷрибаҳои беҳтарин, эҷоди шабакаҳои муштарак ва ташаккули самти ояндаи таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва омӯзгорон, тарғиби арзишҳои демократӣ, барои мусоидат ба омӯзиш ва амалияи қонуни байналмилалии фурӯши тиҷоратӣ ва рақамӣ ба озмуни Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ҳуқуқи ширкат варзиданро пайдо намуд. Бояд қайд кард, ки озмуни мазкур ҳар сол дар байни донишҷӯёни 88 кишвари ҷаҳон гузаронида мешавад.

Дар донишгоҳ татбиқи амалии “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад, ҳоло насби неругоҳи офтобии электрикӣ бо тавоноии 5040 Вт оғоз карда шуд. Неругоҳ аз 9 панели монокристалии офтобӣ бо тавоноии ҳар кадоме 560 Вт иборат аст, ки иқтидори дар давоми як шабонарӯз истеҳсоли зиёда аз 5кВт соат неруи электрикиро дорад. Бояд қайд кард, ки неругоҳи мазкур дар доираи ҳамкориҳои ДДТТ бо ширкати ватании ТГЭМ, ки яке аз ширкатҳои пешқадам дар самти энергетика ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба даст омадааст

Соли 2023 дар донишгоҳ 77 дарси кушоди тарбиявӣ, 80 чорабинӣ дар самти ҷавонон, 32 чорабинии фарҳангӣ, 15 чорабинии варзишӣ, 21 чорабинӣ дар бахши кор бо донишҷӯдухтарон ва 23 чорабинӣ дар хобгоҳи донишҷӯён дар сатҳи зарурӣ гузаронида шудаанд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоату дигар ниёзмандони донишгоҳ дар намуди маводи ғизоӣ ба маблағи 19000 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Умуман, ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ соли 2023-ро бо дастовезҳои хуби таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки дар соли 2024 ба комёбиҳои боз ҳам хубтар ноил мегарданд.

Пас аз суханронии ректори донишгоҳ намояндагони васоити ахбори омма, ки беш аз 40 нафарро ташкил медоданд, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, бахусус самтҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top