Ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳама сарпарастони гурӯҳҳои академии донишгоҳ

Бинанда: 224 | Санаи нашр: 26 Январ 2024

Рӯзи 24.01.2024с. дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳама сарпарастони гурӯҳҳои академии донишгоҳ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Гулнора Тоировна оғоз намуда, таъкид кард, ки дар замони ҷаҳонишавӣ тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ вобастагии калон дорад. Омили асосие, ки дар шароити имрӯза  боиси пешрафт ва шукуфоии давлатамон мегардад, ин пеш аз ҳама аз бар намудани донишҳои замонавӣ ва дар руҳияи ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли ҷавон мебошад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносиву ватанпарварии миллӣ барои мо, хусусан омӯзгорону волидайн чароғи раҳнамо буда, мутахассисон, ҷавонон ва муҳассилинро барои расидан ба мақсади наҷиб ҳидоят менамоянд.

Сипас, сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ Авғонов С.М оид ба шарҳу баррасии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар баромади худ Авғонов Сайфулло қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмӯи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда буда, дар ҳоле ироа гардид, ки соли 2023 бо дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахши худ дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд ва мо имрӯз вазифадорем, ки дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта, бо масъулияти баланд  иҷрои барномаҳои муҳими давлатиро  таъмин намоем,  зикр намуд Авғонов С. дар анҷоми баромади худ.

   

  

   

   

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top