ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ГУМРУК МУБОРАК!

Бинанда: 221 | Санаи нашр: 22 Январ 2024

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аҳли кормандони Хадамоти гумруки   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бо Иди касбӣ - Рӯзи кормандони гумрук ва ба муносибати 32 - солагии таъсисёбии Хадамоти гумрук табрик ва муборакбод намуда, дар фаъолияти касбии Шумо, ки ба таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад, комёбию муваффақиятҳо таманно дорад.

Мақомоти гумрук - зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори калидию мукаммали давлатӣ мубаддал гардида, дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва гулгулшукуфоии ҷумҳурии азизамон нақши муассир дорад.

Бори дигар  аҳли кормандони соҳаро бо Иди касбӣ – Рӯзи кормандони гумрук табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори босаодат ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон барору комёбӣ орзу менамоем.

 

Раёсати донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top