ХУШХАБАР

Бинанда: 193 | Санаи нашр: 20 Январ 2024

 

20 – уми январи соли 2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Кормандони мақомоти гумрук ва таъсисëбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз фанни "Асосҳои фаъолияти гумрукӣ" баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 4 - уми ихтисоси 960101 - хадамоти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Меҳроби Саъдулло иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи сеюм ва маблағи пулӣ гардид.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Меҳроби Саъдуллоро барои сазовор гаштан ба ҷойи ифтихорӣ ва дипломи дараҷаи сеюм табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар ҷодаи таҳсил ва илмомӯзӣ муваффақиятҳо орзу менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top