СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ

Бинанда: 433 | Санаи нашр: 17 Январ 2024

Рӯзи 17.01.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони гумрук семинари ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи “Таъсири барномаи миёнамӯҳлати рушди мақомоти гумрук барои солҳои 2020 – 2024 дар инкишофи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Семинарро мудири кафедраи фаъолияти гумруки донишгоҳ н.и.и., дотсент Ҳикматов С.И. ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, суханро ба Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич - муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ дод.

Ҷамшед Машокиров қайд намуд, ки ҳамасола 22 январ Рӯзи кормандони гумрук ҷашн гирифта мешавад. Мақомоти гумрук - зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Мавсуф иброз дошт, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори калидию мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети кишвар табдил гардид.

Дар семинар олимон, муҳаққиқон ва кормандони мақомоти гумрук бо маърӯзаҳои зерини хеш ширкат варзиданд:

Ҷурабекзода Эраҷ - сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук дар мавзуи “Татбиқи амалии барномаи миёнамӯҳлати рушди мақомоти гумрук барои солҳои 2020 – 2024”,

Сафаров Сафолхуҷа - нозири калони бахши махсуси раёсати кадрҳо, лейтинанти хадамоти гумрук дар мавзуи “Таъсири барномаи миёнамӯҳлати  рушди  мақомоти гумрук барои солҳои 2020 - 2024 дар сиёсати кадрии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”,

Раҷабов  Раҷаб Кучакович - д.и.и., профессори кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ  дар мавзуи “Нақши Инкотермс дар рушди савдои байналмилалӣ”,

Нидоев Нозимҷон  Фозилович - д.и.и., профессори кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ дар мавзуи “Ҳолати ҳозира, мушкилот ва самтҳои фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,

Нидоев Парвиз Фозилович - дотсенти кафедраи  назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Саҳми барномаи миёнамӯҳлати рушди мақомоти гумрук дар таҳкими муносибатҳои фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,

Алиев Маҳмадҷон Баҳронович - номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ дар мавзуи  Паёми Пешвои муаззами миллат- роҳнамо дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ”,

Бӯризода Лоиқшоҳ - номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ дар мавзуи “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ”,

Ҳикматов Суҳбатулло Исматович - мудири кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ дар мавзуи  “Саҳми кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар тайёр намудани мутахассисони  соҳаи  гумрук”.

Кори семинарро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров  ҷамъбаст намуда, ба маърузачиён ва иштирокчиён изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top