ОҒОЗИ КУРСИ КӮТОҲМУДДАТ

Бинанда: 239 | Санаи нашр: 16 Январ 2024

Рӯзи 16.01.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии “Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2042” барои омӯзгорон курси кӯтоҳмуддат дар мавзуи “Рақамикунонии таҳсилот” оғоз гардид.

Мақсади курси мазкур баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон дар соҳаи технологияи рақамӣ, ноил шудан ба сифати нави таълим тавассути ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, такмил додани шакл ва усулҳои таълим мебошад. Хатмкунандагони курс бо сертификатҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top