Семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Таҳия ва ташкили низоми иртиботӣ барои муҳаққиқон ва кормандони илмӣ дар платформаи китобхонаи илмии электронии elibrary.ru”

Бинанда: 206 | Санаи нашр: 16 Январ 2024

16 январи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсия семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Таҳия ва ташкили низоми иртиботӣ барои муҳаққиқон ва кормандони илмӣ дар платформаи китобхонаи илмии электронии elibrary.ru” баргузор гардид.

Семинарро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки яке аз меъёрҳои асосии самаранокии фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин фаъолнокии интишоротӣ дар китобхонаи илмии электронии elibrary.ru мебошад. Ба қайд гирифтани омӯзгорон дар китобхонаи электронии elibrary.ru ин тақозои замон буда, минбаъд дар донишгоҳ чораҳои мушаххас ҷиҳати фарогирии омӯзгорону муҳаққиқон андешида мешавад.

Мавсуф қайд намуд, ки ба ҳолати 01.01.2024 миқдори интишороти омӯзгорони донишгоҳ дар китобхонаи илмии электронии elibrary.ru ҳамагӣ 2006 адад, аз ҷумла миқдори интишорот дар Шохиси иқтибосоварии илмии Россия (РИНЦ) 1584 ададро ташкил медиҳад. Шохиси Хирши донишгоҳ аз рӯи ҳамаи интишорот дар elibrary.ru 13 холро ташкил дода, донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи ин шохис дар ҷойи 6 - ум қарор дорад. Ин гувоҳи он аст, ки раванди корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Маълум аст, ки шохиси Хирш яке аз меъёрҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти илмӣ буда, ҳангоми баҳодиҳии самаранокии фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба назар гирифта мешавад.

Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Султонов Зоиршо оид ба такмили низоми тайёр кардани кормандони илмию омӯзгорӣ, ҷалби ҷавонони болаёқат ба фаъолияти пажӯҳишӣ, афзун намудани интишороти олимони донишгоҳ дар маҷалаҳои тақризшавандаи бонуфузи хориҷӣ суханронӣ намуд.

Дар семинари омӯзишӣ қадам ба қадам раванди бақайдгирӣ ба сифати муаллиф дар китобхонаи электронии elibrary.ru, пешгирӣ кардани хатогиҳо ҳангоми пайдо кардани мақолаҳо ва методологияи нави ҳисобкунии рейтинги муаллиф дар Science Index омӯзонида шуд. Дар интиҳо аз ҷониби иштирокдорони семинари омӯзишӣ саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.

 

Раёсати илм ва инноватсия.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top