ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

Бинанда: 209 | Санаи нашр: 13 Январ 2024

13 январи соли 2024 бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо дар саҳн ва атрофи бинои донишгоҳ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Дар шанбегӣ кормандони донишгоҳ корҳои ободонӣ, тозакорӣ, шаклдиҳӣ ва батартибдарории дарахту ниҳолҳои ороишии саҳн ва атрофи биноҳои донишгоҳро анҷом дода.

Чунин чорабиниҳо минбаъд низ аз тарафи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, ҷиҳати ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани дохил, саҳн ва атрофи бинои донишгоҳ таҳти роҳнамоии раёсати донишгоҳ ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top