ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ПАЁМ - ОРМОНИ МИЛЛАТ ВА ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ

Бинанда: 224 | Санаи нашр: 10 Январ 2024

Рӯзи 10.01.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки сиёсатшинос, коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Паём - ормони миллат ва тантанаи истиқлол” вохӯрӣ баргузор гардид, дар он ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Абдукарим оғоз намуда, зикр намуд, ки Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  ормони миллат ва тантанаи истиқлол буда, арҷгузорӣ ба давлату  арзишҳои миллӣ ва  муаррифии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои дурнамои наздик мебошад.

Сипас, Абдуллоҳи Раҳнамо дар доираи мавзӯи матраҳгардида перомуни Паёми Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин ҳуҷҷати барномавӣ, таҳлилӣ ва ҳисоботӣ буда, аҳамияти стратегӣ, афкорсозӣ ва байналмилалӣ дорад. Паём ин ормони миллат, тантанаи истиқлол ва демократия буда, дар низоми давлатдорӣ аҳамияти  сиёсӣ дорад.

Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки дар Паёми имсолаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои имрӯз ва давраҳои оянда ба таври мушаххас муайян гардидааст. Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро дар он оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шудаанд.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов ҷамъбаст намуда, аз номи раёсати донишгоҳ ба Абдуллоҳи Раҳнамо барои маърӯзаи пурмӯҳтаво изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top