ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Бинанда: 263 | Санаи нашр: 05 Январ 2024

5-уми  январи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Назарзода Хайрулло Холназар, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, н.и.ҳ., Фаррух Алиев ва мудири кафедраи молия, н.и.и., дотсент Баҳодур Дусматов  сухаронӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ  Хайрулло Холназар зикр кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмҳои солҳои қаблӣ фарқ дорад. Зеро ҳадафҳои стратегие, ки барои раҳоӣ бахшидани тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар Паёмҳои қаблӣ мавриди ҳаллу фасл қарор мегирифтанд, амалӣ гардиданд. Дар ин миён ҳадафҳои навин, аз қабили ба кишвари энергетикӣ табдил додани Тоҷикистон ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи қувваи барқ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, масъалаи саломатии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз мазмуну муҳтавои  асосии Паём ба ҳисоб мераванд.

Мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ Фаррух Алиев қайд намуд, ки  ҳадаф аз эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

 

Баъдан  мудири кафедраи молия Баҳодур Дусматов  масъалаҳои иқтисодиеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон иброз доштанд, шарҳу тавзеҳ дод. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ тамоми тадбирҳоро  меандешад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top