ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Бинанда: 312 | Санаи нашр: 28 Декабр 2023

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   раҳнамои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мебошад.

Дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2023 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади намоиши пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори асосии донишгоҳ ва толорҳои факултетҳо шароити мусоид фароҳам оварда, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ дастаҷамъона бо иштироки мутахассиси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Таваккалов Комрон Қосимбекович Паёми мазкурро тамошо  карданд.

Дар Паём таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф хеле хуб эҳсос гардид, ки рушди соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аз ин соҳаи муҳим вобастагии амиқ дорад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи илму дониш ва маърифатнокии халқ, хусусан наврасону ҷавонон мебошад.

Аз ироаи Паёми навбатӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳори хушҳолӣ  намуда,  ин раҳнаморо сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Раёсати донишгоҳ ва аҳли омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ масъалаҳои вобаста ба соҳаи мазкурро, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардид, мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, баҳри иљрои ҳамаљонибаи дастуру супоришҳои зикршуда саъю кӯшиш менамоянд.

 
 
 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top