НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

Бинанда: 241 | Санаи нашр: 27 Декабр 2023

27 декабри соли 2023 ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони сохторҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисоботи муфассали ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар оид ба натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳисобот доир ба ташкили раванди таълим, тарбия, илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ, хоҷагидорӣ ва пешрафту камбудиҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумоти муфассал дода шуд. Ҳамзамон масъулин барои беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани иқтидори илмию педагогӣ дар соли 2024 вазифадор гардиданд.

Инчунин таъкид гардид, ки вобаста ба баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ техникӣ дар донишгоҳ як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Дар соли 2023 дар донишгоҳ 6 - конференсияи байналмилалӣ, 6 - конференсияи ҷумҳуриявӣ, 16 - семинарҳои илмию-амалӣ, 18 - мизи мудаввар дар умум 46 чорабиниҳои илмӣ баргузор карда шудааст.

Дар самти робитаҳои байналмилалӣ соли 2023 донишгоҳ 12 созишномаи ҳамкориро бо МТОК-и хориҷи кишвар ба имзо расонид. Ҷалби грантҳо низ самаранок ба роҳ монда шуда, айни замон дар донишгоҳ 8 лоиҳаи байналмилалӣ бо шарикони рушд амалӣ шуда истодааст.

Инчунин, як қатор профессорон ва собиқадорони меҳнат барои меҳнати пурмаҳсул бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар қайд намуд, ки дар соли 2024 ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои намоён кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top