РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Бинанда: 338 | Санаи нашр: 26 Декабр 2023

Дар санаи 26 - уми декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи II -.юми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” (2020-2040) баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ҳозиринро хайрамақдам намуда, сухани ифтитоҳиро ба ректори донишгоҳ доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар доданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Назарзода Хайрулло Холназар  кори конференсияро ҳусни  оғоз бахшида, ба иштирокчиёни ҳамоиш муваффақият хоста, қайд намуданд, ки иқтисоди рақамӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодиёти кишвар буда, нақши он дар таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ рӯз то рӯз меафзояд.

Тоҷикистони муосири имрӯзаро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифта истодааст, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилотҳо ва оилаҳо низ бениҳоят муҳим мебошад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”.

Дар ин замина олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бо маърӯзаҳои хеш ширкат варзиданд:

Авдийский Владимир Иванович, доктори илми ҳуқуқ, профессори кафедраи амнияти иқтисодӣ ва идоракунии хавфҳои Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳуқуқшиноси шоистаи Русия дар мавзӯи  «Анализ и прогнозирование рисков с использованием современных информационных технологий» (маҷозӣ),

Капустина Надежда Валеревна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи амнияти иқтисодӣ ва идоракунии хавфҳои Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар мавзӯи «Экономика совместного потребления как инновационная форма управления бизнесом в условиях цифровизации экономики» ( маҷозӣ),

Асанова Марина Александровна – доктори PhD, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ ва Калкабаева Гаухар Муратовна – н.и.и., профессори кафедраи молияи Донишгоҳи Казпотребсоюз, шаҳри Карагандаи Ҷумҳурии Қазокистон дар мавзӯи “Использование цифровых технологий в финансировании проектов устойчивого развития Казахстана» (маҷозӣ),

Мавлоназаров Силмон Силтоназарович н.и.п., дотсент мудири кафедраи технологияи итттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Татбиқи технологияи рақамӣ дар шароити муосир”,

Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Идоракунии рушди иқтидори кадрии савдои чакана дар шароити ташаккули иқтисоди рақамӣ” бо маърузаҳои пурмазмун баромад намуданд.

Хулоса, дар конференсия масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти кишвар, мушкилот ва дурнамои он; арзёбии механизми ташкиливу иқтисодии рушди таҳсилоти рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ; нақши иқтисоди рақамӣ дар таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ; ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии табдилдиҳии рақамӣ; системаҳои инноватсионии интеллектуалӣ ва инноватсионӣ; технологияҳои рақамӣ: таҳдидҳо, хатарҳо, амният; молия, сармоягузорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамисозӣ.

Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ ширкат варзиданд.

Кори конференсияро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Абдукарим Раҳимович ҷамъбаст намуда, барои идомаи кори ҳамоиш дар бахшҳо муваффақиятҳо хостанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top