Натиҷагирӣ аз фаъолияти илмӣ

Бинанда: 279 | Санаи нашр: 23 Декабр 2023

Санаи 23 – юми декабри соли 2023 мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати донишгоҳ бо мақсади таҳлили фаъолияти воҳидҳои сохтории донишгоҳ, ки бевосита ба омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ машғуланд, ҷаласаи васеъ бо иштироки профессорону  омӯзгорон, докторантону  унвонҷӯён ва аспирантони факултети иқтисодиёт ва тиҷорат доир гардид.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ин тақвият бахшидани пойгоҳи илмӣ, таҳқиқотӣ ва педагогӣ,  инчунин омоданамоии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва педагогӣ мебошад.

Сипас декани факултет Мухторзода С.С. доир ба фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ ҳисоботи муфассал дод. Дар ҳисобот  масъалаҳои марбут ба омоданамоии кадрҳои илмӣ, илмӣ – педагогӣ, нашри монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Web of Science  ва  Scopus мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа  муовини ректор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н. фаъолияти илмии факултетро дар соли 2023 қаноатбахш ҳисобида, дар назди раёсати факултет як қатор вазифаҳои мушаххасро барои соли 2024 пеш гузоштанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top