ТАЪСИСИ КАФЕДРАИ АНДОЗ ВА СУҒУРТА ДАР НАЗДИ ҶДММ ТС “БИМА”

Бинанда: 358 | Санаи нашр: 21 Декабр 2023

21-юми декабри соли ҷорӣ бо ибтикори ректори ДДТТ д.и.т., профессор Назарзода Хайрулло Холназар дар назди ҶДММ ТС “БИМА” кафедраи андоз ва суғурта таъсис дода шуд. Зимни ифтитоҳи кафедра ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуданд, ки минбаъд низ дар самти густариши ҳамкориҳои дуҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Мавриди қайд аст, ки акнун донишҷӯёни ДДТТ, ки дар самти суғурта таҳсил менамоянд, метавонанд ба воситаи кафедраи андоз ва суғурта дар назди дар назди ҶДММ ТС “БИМА” бевосита аз амалияи кории касбии худ шиносоӣ пайдо намуда, донишҳои худро сайқал диҳанд. Тавре директори генералии ҶДММ ТС “БИМА”  Ҷалолидинов Неъматҷон Асомиддинович қайд намуданд, ҶДММ ТС “БИМА” омодааст, донишҷӯёни донишгоҳро дар самти рушди касбияташон дастгирӣ намояд. Иброз гардид, ки тарафҳо метавонанд, бо мувофиқаи ҳамдигар тренинг, курсҳои кӯтоҳмуддат ва семинарҳоро дар Донишгоҳ ва ҶДММ ТС “БИМА”  гузаронанд. Бо мақсади  таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва омӯзиши касбият, инчунин азхудкунии барномаҳои нави соҳаи фаъолияти суғурта аз ин пас ба роҳ монда мешавад.

Ректори донишгоҳ Назарзода Х.Х. аз дастгирии ҶДММ ТС “БИМА”  ҷиҳати таъсиси кафедраи андоз ва суғурта дар назди он изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ДДТТ омодааст ҳамкориро аз ҷумла, дар самти такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таҳияи лоиҳаҳои муштарак бо ҶДММ ТС “БИМА” ба роҳ монад. Зикр гардид, ки дар асоси қарори Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9 – уми ноябри соли 2020 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии иштирокдорони ИДМ оид ба омодакунӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили касбии кадрҳо дар соҳаи суғурта дода шудааст. Ин иқдом барои таҳкими захираҳои кадрии ҶДММ ТС “БИМА” ва ДДТТ дар соҳаи суғурта ва таъминоти моддию техникӣ, таълимию методии заминагузор мегардад.

Мудири кафедраи андоз ва суғурта, н.и.и., дотсент Раҷабов Комрон зимини суханронӣ иброз намуд, ки дар воқеъ таъсиси кафедра дар назди ҶДММ ТС “БИМА” рӯйдоди фараҳбахш буда, заминаи рушди донишҳои амалии донишҷӯён мегардад.

Дар фарҷом ҷонибҳо бори дигар аз ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top