Мизи мудаввар таҳти унвони “Пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила - омили устувории оилаҳои ҷавон”

Бинанда: 320 | Санаи нашр: 09 Декабр 2023

Санаи 9.12.2023 дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи фарҳанг дар ҳамҷоягӣ шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ таҳти унвони “Пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила - омили устувории оилаҳои ҷавон” мизи мудаввар доир гардид.

Ҳисориева Г.Т., муовини ректор оид ба тарбия дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба мафҳумҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгириии зӯроварӣ дар оила, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим ва пешгирӣ, бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунандаро муайян менамояд суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки - зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад  ба вуҷуд меорад.  Ҳамзамон нотиқ зикр кард, ки агарчанде дар урфу одатҳои мардуми мо ҳангоми оиладоршавӣ раъйи волидон ба назар гирифта мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки бояд миёни онҳо шартнома баста шавад.

Заминаи таъсиси оила муҳаббату ҳусни тафоҳум ва ихтиёрию озод будани ҷавонон аст. Чун сухан дар бораи ҳуқуқу вазифа ва уҳдадориҳои ду шаҳрванди комилҳуқуқи қобили амал меравад, ягон зарурат ҷиҳати бастани қарордод миёни волидон нест ва қонунгузории Тоҷикистон низ чунин шартномаро танҳо миёни нафароне, ки издивоҷ мекунанд, иҷозат додааст. Чунончи, дар моддаи 40-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:“Аҳдномаи ақди никоҳ - созишномаи шахсоне мебошад, ки издивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи амволӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар  давраи ҳамзистӣ – зану шавҳарӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд”.

Дар ин асно мо бо такя ба фарҳангу тамаддуни ғановатманди хеш, ҳамеша зуроварӣ ва хушунатро дар оила ва ҷомеа маҳкум менамоем ва барои бартарафу решакан намудани он шуморо низ даъват менамоем. Шиори мо дар ин ҷода - “Ҳаёт бе зуроварӣ зебост”! - гуфт зимни баромади хеш мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи донишгоҳ Ҷамила Ғафурова.

Дар муҳокимаи масъала мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ дар бахши кор бо донишҷӯдухтарон С. Қурбонова, раиси шурои занони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук Н. Назарбекова ва донишҷӯи курси якуми факултети молия қарз Шукруллоева С. баромад намуда, ҷиҳати пешгирии ин омил дар ҷомеа таклифу пешниҳодҳои хешро ирсол намуданд.

Дар анҷоми мизи мудаввар Гулнора Ҳисориева  таъкид намуд, ки зуроварӣ ва пешгирии он, таҳкими рукнҳои оиладорӣ, омилҳо ва роҳҳои устувории оилаҳои ҷавон, ки мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шуд, аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеаи имрӯза мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top