Мизи мудаввар “Арҷгузорӣ ба давлат ва арзишҳои миллию динӣ”

Бинанда: 315 | Санаи нашр: 12 Декабр 2023

 

 

Санаи 8.12.2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Назаров, сармутахассиси раёсати танзими анъана ва ҷашну маросим ва Бурҳониддин Қаландаров, мутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба давлат ва арзишҳои миллию динӣ” баргузор гардид .

Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.и., дотсент Гулнора Ҳисориева   сухаронӣ карда, андешаҳояшро доир ба аҳамият ва зарурати баргузории чорабинии мазкур баён намуд.  

Сипас, Б. Қаландаров оид ба  ҳадафи асосии Консепсия  сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар суханронӣ намуд.

Мансур Назаров зимни суханронӣ доир ба мазмуну муҳтаво, талабот ва риояи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳарф зада, муҳим будани Қонуни мазкурро таъкид намуд ва онро рӯйдоди таърихӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар арзёбӣ намуд.  

Ҷамила Ғафурова - котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба риояи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишгоҳ зикр кард, ки татбиқи чунин ҳуҷҷатҳои муҳим муносибати дуюмдараҷаро намепазирад ва дар сатҳи хубу сифати баланд татбиқ гардидани он, пеш аз ҳама, дар мадди назар доштани масъалаҳои зикршуда рабт дорад.

Г. Ҳисориева дар фарҷоми чорабинӣ аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон барои иштирокашон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ минбаъд низ   корро дар ин самт пурзӯр намуда, баҳри иҷрои  талаботи санадҳои зикршуда саъю талош менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top