Баргузории мизи мудаввар

Бинанда: 359 | Санаи нашр: 08 Декабр 2023

Санаи 8 декабри соли 2023 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Масъалаҳои ҳуқуқии рушди идораи шаҳрӣ” бахшида ба ёдбуди Муаллими шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қосимов Садриддин Маҳмудович баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар – ҷалби таваҷҷуҳи мактаби илмии ҳуқуқшиносии кишвар ба масъалаҳои мубрами идораи шаҳрӣ буда, дар кори он дар баробари омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкорон аз дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд. 

Дар мизи мудаввар лаборанти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ Д.Бобохониён - “Қосимов С.М. - олим ва омӯзгори асил”, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дотсент Ғ.Б. Санавваров - Салоҳияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ ҳамчун мақоми маҳаллии намояндагӣ”, дотсенти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. Д.А Олимзода - “Хусусиятҳои ташкили худидоракунии маҳаллӣ дар ҳудуди шаҳрҳо”, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, н.и.ҳ. Ф. Ш. Алиев - “Масъалаҳои ҳуқуқии ташаккули фарҳанги шаҳрнишинӣ”, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ, доктори илмҳои ҳуқушиносӣ  Б.Ҳ.Раззоқов - “Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии идораи шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърузаҳои пурмазмун баромад карданд.

Байни иштирокчиёни мизи мудаввар муҳокимаи маърӯзаю баромадҳо ва мубодилаи афкор сурат гирифта, зимни он таъкид гардид, ки идораи шаҳр хусусиятҳои хоси худро доро буда, инобати онҳо дар қонунгузорӣ ва фаъолияти иҷроия-амрдиҳанда шарти муҳими ташкили самарабахши идораи маҳаллӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, хислатҳои неки инсонии устоди зиндаёд Садриддин Маҳмудович Қосимов таъкид гардид, ки бо фурӯтанӣ, фарҳанги баланди муошират, ахлоқи хамида, тамкину таҳаммул ва хайрхоҳӣ нисбати шогирдон фарқ карда, барои насли муосири олимону омӯзгорон намунаи ибрат мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top