МИЗИ МУДАВВАРИ КОРШИНОСӢ

Бинанда: 524 | Санаи нашр: 05 Декабр 2023

МИЗИ МУДАВВАРИ КОРШИНОСӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзи 5-уми декабри соли 2023 бо ибтикори кафедраи андоз ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ мизи мудаввари муштараки коршиносӣ дар мавзуи “Андозбандии объектҳои ғайриманқул: таҷрибаи миллӣ ва хориҷӣ” бо иштироки намояндагони байналмилалӣ баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин чорабиниро муфид арзёбӣ намуд ва иброз дошт, ки ҳадафи чорабинӣ пеш аз ҳама, ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои илмию коршиносӣ ба масъалаҳои мубрами андозбандии моликияти ғайриманқул ва таҳияи пешниҳодҳои асоснок ҷиҳати такмили минбаъдаи он мебошад.

Сипас д.и.и., профессори Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия Волович Николай Владимирович, профессор, мудири кафедраи рушд ва идоракунии амволи ғайриманқул, декани факултети илмҳои амалии Донишгоҳи Анқара Ҳорун Танривермис, профессори институти илмҳои амалии Донишгоҳи Франкфурти соҳили Майн - Фабиан Тилл, д.и.ҳ., профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ Раззоқов Б.Ҳ. ва н.и.и., дотсент мудири кафедраи андоз ва суғуртаи ДДТТ Раҷабов К.Р. бо маърузаҳои пурмазмун андешаҳояшонро перомуни мавзуи матраҳгардида баён намуданд.

Дар музокира намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон Ҳабибуллозода М., Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаҷидзода У., Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Ш., омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top