МИЗИ МУДАВВАР

Бинанда: 491 | Санаи нашр: 04 Декабр 2023

04 – уми декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷиистон бо ибтикори кафедраи молия бахшида ба рузӣ кормандони молия  мизи мудаввар дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Мизи мудавварро декани факултети молия ва қарз номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хоҷаев Диловар оғоз  намуда, доир ба нақши мақомоти молия ва сохторҳои маҳаллии он, сиёсати андозу буҷетро суботкорона пеш мебаранд ва бевосита дар рушди иқтисодиёт ибрози андеша кард.

Сипас, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷалолзода Абдуфаёз Абдулмумин дар мавзӯи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маърӯза  намуд.

Омӯзгори кафедра Раҳматов Сияршоҳ дар мавзӯи Низоми хазинадории давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир маърӯза намуда, ба тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар рушди низоми хазинадории кишвар баҳои баланд дод.

Доир ба мавзӯи мизи мудаввар профессор Абдусаттор Ҷабборов ва дотсент Баходур Дустматов  суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Диловар Хоҷаев фикрҳои худро доир ба мавзӯи зикршуда баён карда, ба нотиқон барои суханронии пурмазмун арзи сипос намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top