КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Бинанда: 493 | Санаи нашр: 29 Ноябр 2023

Санаи 29 – уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи пленарии конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди тиҷорати электронӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.

 

Тиҷорати электронӣ яке аз падидаҳои муосири илми иқтисодиёт буда, баррасии паҳлӯҳои мухталифи он дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт хело муҳим мебошад. Маҳз бо мақсади равшанӣ андохтан ба ҳалли масъалаи мазкур дар конференсия Зайнудинов Сафар - номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири шуъбаи тақвияти институтсионалии кишвар ва иқтисоди рақамии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар мавзӯи “Системаи электронии гардиши ҳуҷҷатҳо”, Комилӣ Абдулҳай Шарифзода - доктори илмҳои физикаю математика, профессор, директори ИИТТИТТ назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Андар мафҳуми аъдод”, Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДДТТ дар мавзӯи “Тиҷорати электронӣ ва мавқеи он дар иқтисодиёти муосир” ва Салимов Назаралӣ Сафарович - номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи математика ва системаҳои иттилоотии ДДТТ дар мавзӯи “Рақамикунонӣ ва таъсири он ба раванди таълим” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Маърӯзачиён ба ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба рушди тиҷорати электронӣ, хусусан ҳангоми дастрасӣ ба молу хизматрасониҳо, такмили меъёрҳои қонунгузорӣ дахл намуда, рушди минбаъдаи онро барои кишвари мо муҳим арзёбӣ намуданд.

Мушкилоти идоракунии самараноки тиҷорати электронӣ дар кишвари мо ба такмили механизми идоракунии давлатии он, инчунин бунёди платформаи миллии тиҷорати электронӣ алоқамандии қавӣ дорад. Ташаккули иқтисодиёти рақамӣ ва тиҷорати электронӣ ҷиҳати омоданамоии кадрҳо талаботи нав ба навро ба миён мегузорад. Маърузачиён қайд намуданд, ки ин тамоюл ба таҷрибаи ҷаҳонии тайёр кардани мутахассисон барои бозори меҳнат мувофиқат мекунад.

Дар конференсия масоил ва дурнамои рушди тиҷорати электронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  самтҳои афзалиятноки рушди он пешниҳод гардид. Муҳаққиқон пешниҳод намуданд, ки яке аз масъалаҳои асосии рушди тиҷорати электронӣ такмили инфрасохтори соҳа ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии он, инчунин омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ ва коркарди платформаи тиҷорати электронӣ дар кишвар мебошад. Инчунин, омилҳои мутаасир ба рушди бозори хизматрасониҳои тиҷорати электронӣ дар шароити рақамикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ ва ҷанбаҳои мусбат ва манфии он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ миёни иштирокчиёни конференсия ва баромадкунандагон муҳокимаи судманд оид ба рушди минбаъдаи тиҷорати электронӣ дар кишвар, хусусан дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт сурат гирифт.

Рӯзи 30-юми ноябри соли 2023 конференсия кори худро дар бахшҳо идома медиҳад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top