БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ МАҶОЗӢ ( ОНЛАЙНӢ)

Бинанда: 309 | Санаи нашр: 29 Ноябр 2023

Санаи 28-уми ноябри соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба профессори кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Саидова Мунаввара Ҳамидовна барои донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси “Иктишофи молиявӣ (финансовая разведка) - и зинаи бакалавриати факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар мавзуи “Мониторинги молиявӣ: муаммо ва роҳҳои такмили он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ машғулияти лексионӣ баргузор намуд.

Дар назар аст, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобила ва табодули омӯзгорони кафедраи амнияти иқтисодӣ ва идоракунии хавфҳои Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷоннок карда шуда, ҷалби васеи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳҳо ҷиҳати баргузории силсилаи лексияю семинарҳо барои донишҷӯёни ҳарду донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top