БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РУЗИ БЕМОРИИ ВНМО

Бинанда: 377 | Санаи нашр: 28 Ноябр 2023

28-уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонон мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масъуният” баргузор гардид, ки дар он мутахассиси шуъбаи маниторингӣ ВМНО дар шаҳри Душанбе Шарипов Эмомалӣ Шамсиддинович ва Саидова Ҳокима мутасаддии ВМНО дар МДМСШ №4 ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Мизи мудавварро сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов оғоз намуда, доир ба муҳиммияту мубрамияти мавзӯи зикршуда суханронӣ намуд.

Сипас Шарипов Эмомалӣ Шамсиддинович дар бораи таърихи пайдоиши бемории ВНМО, роҳҳои гузариш ва мубориза алайҳи он, қобилияти ҳаётии вирус, марҳалаи ноаёнии он, озмоиш дар бораи ВНМО, намудҳои тесткунонӣ, табобати зидди ретровирусӣ (ЗРВ) ва ғайра суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати ин ва дигар бемориҳои сироятӣ тамоми шароит ва мутахассисони баландихтисос мавҷуданд. Бо вуҷуди ин, таъкид намуд нотиқ, - табиби ҳар кас пеш аз ҳама худи ӯст. Аз ин рӯ, ҳамагонро зарур аст, ки пеш аз ҳама дар бораи ин ё он беморӣ маълумоти кофӣ дошта бошем, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологиро қатъӣ риоя намоем.

Инчунин, дар ин рӯз дар донишгоҳ вобаста ба ин маъракаи муҳим шуъбаи кор бо ҷавонон аксия гузаронид ва дар он мутахассисони маркази зикргардида варақаҳоро, ки дар онҳо доир ба пешгирию эҳтиёт шудан аз бемории зикршуда маълумот мавҷуд буд, ба омӯзгорону кормандон ва муҳассилин тақсим намуда, моҳияту мубрамияти масъалаи мавриди назарро шарҳу эзоҳ доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Шарипов Эмомалӣ Шамсиддинович ба суолҳои аҳли толор посух гуфт ва ба роҳбарияти донишгоҳ барои доир намудани чунин як вохӯрии судманд изҳори сипос кард.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top