Дарси кушод ва намунавӣ аз ҷониби профессори хориҷӣ тариқи маҷозӣ

Бинанда: 381 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2023

Дар донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимонн, мутахассисону коршиносони ватаниву хориҷӣ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд.

Ин навбат профессори кафедраи амнияти иқтисодӣ ва идоракунии хавфҳои Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия, Капустина Надежда Валеревна барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи «Низоми мубориза бо қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм дар субъектҳои хоҷагидории Русия» лексияи баргузор намуд.

Дар доираи дарси кушод, ҷанбаҳои амнияти миллӣ ва иқтисодии Федератсияи Русия, мавқеи Русия дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин асосҳои равиши таваккал дар низоми мониторинги молиявӣ ба назар гирифта шуданд.

Дар назар аст, ки дар оянда ҳамкориҳои мутақобила ва табодули омӯзгорони кафедраи амнияти иқтисодӣ ва идоракунии хавфҳои Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҷалби ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳҳо барои баргузории як силсила лексияҳо ва семинарҳо барои донишҷӯёни ҳарду донишгоҳ роҳандози мегардад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top