ВИКТОРИНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Бинанда: 439 | Санаи нашр: 25 Ноябр 2023

Санаи  25.11.2023 дар толори калони ДДТТ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  байни донишҷӯёни  факултетҳои донишгоҳ викторина гузаронида шуд. 

Натиҷаҳои викторинаро аъзоёни ҳакамон - муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Г.Т., сардори раёсати тарбия Авғонов С.М., омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Каримова З. ва Сангова Ф., холгузорӣ намуданд. Тибқи холгузории ҳакамон  ҷои аввалро донишҷӯёни  факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук, ҷои дуввумро донишҷӯёни факултети молия ва қарз ва ҷои сеюмро донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва тиҷорат сазовор гаштанд. Ғолибони викторина ва донишҷӯёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top