БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ВОЛИДАЙН

Бинанда: 323 | Санаи нашр: 25 Ноябр 2023

Санаи 25.11.2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси факултети молия ва қарз ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷаласаи Шурои волидайн баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ волидайни донишҷӯён ширкат варзида, аз раванд ва шароити таҳсил, одобу ахлоқи донишҷӯён, натиҷаҳои рейтинги якум ва шароити истиқомат дар хобгоҳ шинос гардиданд.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Г.Т. ҳусни оғоз башида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон», инчунин беҳтар кардани сатҳу сифтаи таълиму тарбия ва ҳамкории волидайн бо донишгоҳ суханронӣ намуд.

Сипас, сардори раёсати тарбия Авғонов С. ва декани факултети молия ва қарз Хоҷаев Д. дар бораи иҷрои «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сифати таълим, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ба дарсҳо, натиҷаҳои рейтинги якум, иҷрои тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои донишҷӯӣ, риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» баромад намуданд.

Инчунин, волидайни донишҷӯён низ баромад намуда, ба раёсати донишгоҳ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои донишҷӯён изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа волидайни донишҷӯёни фаъолу аълохон бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top