ТАЪСИСИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ ТИҶОРАТӢ ВА ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ

Бинанда: 301 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2023

23-юми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори ректори ДДТТ д.и.т., профессор Назарзода Хайрулло Холназар дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуд. Зимни ифтитоҳи кафедра ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуданд, ки минбаъд низ дар самти густариши ҳамкориҳои дуҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Мавриди қайд аст, ки акнун донишҷӯёни ДДТТ, ки дар самти ҳуқуқ таҳсил менамоянд, метавонанд ба воситаи кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз амалияи кории касбии худ шиносоӣ пайдо намуда, донишҳои худро сайқал диҳанд. Тавре раиси Иттифоқи адвокатҳо Алишер Ҳайдаров қайд намуданд, Иттифоқи адвокатҳо омодааст, донишҷӯёни донишгоҳро дар самти рушди касбияташон дастгирӣ намояд.

Ректори донишгоҳ Назарзода Х.Х. аз дастгирии Иттифоқи адвокатҳо ҷиҳати таъсиси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зидддикоррупсионӣ дар назди он изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ДДТТ омодааст ҳамкориро аз ҷумла, дар самти такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таҳияи лоиҳаҳои муштарак. бо Иттифоқи адвокатҳо ба роҳ монад.

Мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, н.и.и., дотсент Фарух Алиев зимини суханронӣ иброз намуд, ки дар воқеъ таъсиси кафедра дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди фараҳбахш буда, заминаи рушди донишҳои амалии донишҷӯён мегардад.

Дар фарҷом ҷонибҳо бори дигар аз ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top