Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ

Бинанда: 340 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2023

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ чорабинии тантанавии мақомоти иҷрои ҳокимияти давлати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони "Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, инчунин ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ иштирок намуданд.

Муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат Нусратулло баъд аз ворид гардидани Парчами давлатӣ ба толор аз номи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ҳозиринро ба Рӯзи парчами давлатӣ шодбош гуфта, қайд намуданд, ки кулли мардуми бонангу номуси тоҷик бо азму талоши созанда ва бо парафшонии Парчами давлатии соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба як мулки пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top