БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ВОЛИДАЙН

Бинанда: 342 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2023

Санаи 23.11. 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси факултети иқтисодиёт ва тиҷорат ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷаласаи васеи Шурои волидайн баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ волидайни донишҷӯён ширкат варзида, аз раванд ва шароити таҳсил, одобу ахлоқи фарзандони худ дар ҷараёни таҳсил ва шароити истиқомат дар хобгоҳ аз наздик шинос гардиданд.

Нахуст ҷаласаро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Назарзода Х.Х. ҳусни оғоз башида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон», инчунин беҳтар шудани сатҳу сифтаи таълиму тарбия ва ҳамкории волидайн бо донишгоҳ суханронӣ намуданд.

Сипас муовини ректор оид ба тарбия н.и.и., дотсент Ҳисориева Г.Т., декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат н.и.и., дотсент Мухторзода С.С. дар бораи иҷрои «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сифати таълим, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ба дарсҳо, иҷрои тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои донишҷӯӣ, риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» баромад намуданд

Дар фарҷоми ҷаласа волидайни донишҷӯёни фаъолу аълохон бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top