КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Бинанда: 395 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2023

          Санаи 22.11.2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар заминаи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “МАСОИЛИ МУҲИМИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲЛИЛ, ВА АУДИТ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР” кори худро оғоз намуд. Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ, аспирантону унвонҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Ҷаласаи пленарии конференсияро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р. ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳолати муосир ва муаммоҳои рушди  баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, мушкилоти татбиқи  стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва дигар самтҳои соҳаи ҳисобдорӣ суханронӣ намуд.

         Сипас, Низомов С.Ф. д.и.и., профессор, мудири кафедраи аудит ва таҳлили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳими татбиқи амалияи хориҷии баҳисобгирии идоракунӣ дар Тоҷикистон”, Нурмухаммедова Х.Ш. н.и.и., дотсенти департаменти баҳисобгирии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия ба тариқи маҷозӣ дар мавзӯи “Инжиниринги муҳосибӣ: паёмадҳои рушд дар шароити рақамикунонӣ”, Қурбонов А.Р. н.и.и., дотсент дар мавзуи “Мушкилоти баҳисобгирии андозии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои бартараф намудани он”, Содиқов С.И. н.и.и., дотсент, корманди Институти ҷамъияти бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мушкилоти татбиқи СБҲМ дар корхонаҳои ватанӣ”, Мирзоалиев А.А. н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ дар мавзӯи “Стандартҳои байналмилалии таҳсилоти касбии муҳосибӣ: баҳои вазъи ҷорӣ ва дурнамои татбиқ”, директори ширкати байналмилалии аудитории “PKF” Tajikistan” Комилов А.Ҷ. дар мавзӯи “Масоили муҳими амалияи аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Шомуродзода Нишот, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи ”The impact of IFRS 9 on Banking Sector Regulatory Capital” бо маърузаҳои пурмуҳтавои худ баромад намуданд.

         Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н. суханронӣ намуда, ба маърузачиён ва иштироккунандагони ҷаласаи пленарии конференсия изҳори миннатдорӣ намуд.

 Конференсия рӯзи 23.11.2023 кори худро дар бахшҳо идома медиҳад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top