БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ "КАСБИ МАН - ИФТИХОРИ МАН"

Бинанда: 536 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2023

ГУМРУК – ДАРВОЗАИ ҲАР ЯК ДАВЛАТ АСТ.

20-уми ноябри соли 2023 дар факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ озмуни пӯшидани либоси расмии гумрукӣ таҳти унвони «Касби ман-ифтихори ман» дар байни донишҷӯёни ихтисоси 960101 - хадамоти гумрукӣ баргузор гардид.

Инчунин, дар рафти озмун воситаҳои техникии назорати гумрукӣ, ки мақомоти гумрук дар ҷараёнии назорати оперативии гумрукии молҳои тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолёбанда бо мақсади ошкор намудани ашё, мавод ва воситаҳои воридоту содироташон мамнӯъ ё ба декларатсия номувофиқ истифода мебаранд, ба намоиш гузошта шуд. 

Дар хотима донишҷӯён бо сохт ва тарзи истифодабарии асбобҳое, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирон ва боғоҷи онҳо, инчунин молу воситаҳои нақлиёт истифода бурда мешаванд, шинос шуданд

Гузаронидани ин гуна машғулиятҳо ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо дастовардҳои техникии муосири соҳа аз наздик шинос шуда, барои мутахассиси соҳибкасб шудан мусоидат менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top